Get Adobe Flash player

Материалы

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «100-солагии ТБМ ва саҳми он ташаккули принсипҳои меҳнати шоиста»

 01.05.2019

Рӯзи 30 апрели соли 2019 бо ташаббуси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «100-солагии ТБМ ва саҳми он ташаккули принсипҳои меҳнати шоиста» барои раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва масъулини ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарии корхона ва муассисаҳои минтақаи суғдии роҳи оҳан баргузор гардид.

Конференсияро раиси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон З.Т. Ҳамидов оғоз намуда, оид ба фаъолияти Ташкилоти байналхалқии меҳнат маълумоти муффасал дод.

Дар конференсия Бузуруков Иномхӯҷа Атабекович – мудири шуъбаи ҳуқуқии Шӯрои иттифоқҳои касаби вилояти Суғд ва Тӯраев Баҳоваддин Асрорович – сармутахассиси шуъбаи ҳифзи меҳнати Шӯрои иттифоқҳои касаби вилояти Суғд баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин посух доданд.

Сипас  З.Т. Ҳамидов оид ба мавзуи “Таҳлил ва муккамалгардонии  шартномаҳои коллективӣ дар соҳаи роҳи оҳан” баромад намуда,             оид ба иҷрои шартномаҳои коллективӣ ва бастани Созишнави нави соҳавӣ байни КВД «Роҳи оҳан Тоҷикистон» ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон барои солҳои оянда дастурҳои муфид дод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 14 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik