Get Adobe Flash player
VII Конгресс МКПЖ г. Санкт-Петербург, Таврический дворец. 23.11.2022
Семинар-машварати раисони ТИИК. ш.Норак, 14.07.2016 сол
Съезди ХХI иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни нақлиёти роҳи оҳан. ш. Москва, 02.1972 сол

Пленуми VII Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон

28.01.2023

Пленуми VII Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон

Рӯзи 27 январи соли 2023 дар толори Раёсати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» машварати васеъи Пленуми VII Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар машварати васеъ аъзёни пленум, муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Шодиев Б.Т. ва сардорони хадамотҳои дахлдори роҳи оҳан иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи кории он шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон, ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳои он дар соли 2023, ҳисобот оид ба иҷрои бандҳои Созишномаи соҳавии байни КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Кумитаи Ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар 2022 баррасӣ гардиданд.

Оид ба масъалаи якум муовини раиси ҲХДТ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Латифов А.М. баромад намуда, оид ба нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи муфассал дод.

Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳои он дар соли 2023, раиси Иттифоқи касаба Зикрулло Тағойевич Ҳамидов маърӯза намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ташкилот вазифаҳои оинномавии худро дар соли 2022 пурра иҷро намудааст.

Дар соли 2023 моро зарур аст, ки боз ҳам пурмаҳсултар фаъолият намуда, дар пойдорӣ ва ободонии соҳаи роҳи оҳан саҳми босазои худро гузорем.

Дар машварати Пленум ҳисоботи намояндаи Корфармо мудири шуъбаи иқтисод - Аҳмадҷон Асфияев оид ба иҷроиши Созишномаи соҳавии байни КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар 2022 шунида шуд.

Дар музокирот Қурбонов Ш.Н. – раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Раёсати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Раҳимов Ф.Ҳ. - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи КВ «Қитъаи суғдии роҳ» ва Қурбонов С.Ф. - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи иттифоқи касабаи Пойгоҳи вагонҳои боркаши Левакант баромад намуда, фаъолияти Кумитаи ҷумҳуривии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ва иҷрои Созишномаи соҳавии байни КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистонро дар 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар анҷоми машварати васеъи пленум фаъолони иттифоқи касаба бо ифтихорномаҳо ва соатҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 34 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik