Get Adobe Flash player
VII Конгресс МКПЖ г. Санкт-Петербург, Таврический дворец. 23.11.2022
Семинар-машварати раисони ТИИК. ш.Норак, 14.07.2016 сол
Съезди ХХI иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни нақлиёти роҳи оҳан. ш. Москва, 02.1972 сол

07 декабри соли 2022 дар толори меҳмонхонаи «Хуҷанд-Стар» дар ш. Хуҷанд

08.12.2022

07 декабри соли 2022 дар толори меҳмонхонаи «Хуҷанд-Стар» дар ш. Хуҷанд семинар – машварати омӯзишӣ оид ба иҷроиши санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ бо иштироки сардорони ташкилотҳо, раисони  ташкилотҳои  ибтидоии  иттифоқи касаба, масъулини ҳифзи меҳнат ва кадрии ташкилотҳои минтақаи суғдии роҳи оҳан баргузор гардид.

Дар семинар – машварати омӯзишӣ раиси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Ҳамидов З.Т. таҷлили иҷроиши санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Оид ба масъалаҳои воридоти тағйироту иловаҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат Қурбоназаров Н.Ч. - нозири ҳуқуқии меҳнати КҶ иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон  баромад намуд.

Мақсад аз гузаронидани  семинар - машварат таҷлили иҷроиши санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, иҷрои Созишномаи соҳавии нақлиёти роҳи оҳан барои солҳои 2019 - 2022, шартномаҳои коллективии ташкилотҳои минтақаи суғдии роҳи оҳан буда, дар ҷамъбасти чорабинии мазкур дастурҳо ҷиҳати боз ҳам мукаммал намудани шароити иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат роҳандозӣ карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 42 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik