Машварати кушоди президиуми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон
20.10.2022
19 октябри соли 2022 машварати кушоди президиуми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рўзномаи кории он масъалаҳои таҷлили Рўзи иттифоқҳои касаба, Ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2022, дар бораи бастани шартномаҳои коллективӣ дар корхонаю муассисаҳои роҳи оҳан, пешниҳод намудани номзадҳо ба ҳайати комиссияи дутарафа барои бастани Созишномаи соҳавӣ барои соли 2023 ва дигар масъалаҳо баррасӣ карда шуданд. Раиси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Ҳамидов З.Т. ҳозиринро ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба, ки бори аввал дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд,ки иттифоқҳои касаба ҳамчун муҳимтарин институти ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки таркиби ҷудонашавандаи соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодиро тартиб медиҳад, дар пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми босазои худро мегузорад. Сипас ҳисоботи фаъолияти Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2022 шунида шуда, ҳамчун қаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар фарҷоми машварат фаъолони иттифоқи касаба ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба бо Ифтихорномаҳо ва соатҳои хотиравии Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.