Get Adobe Flash player
VII Конгресс МКПЖ г. Санкт-Петербург, Таврический дворец. 23.11.2022
Семинар-машварати раисони ТИИК. ш.Норак, 14.07.2016 сол
Съезди ХХI иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни нақлиёти роҳи оҳан. ш. Москва, 02.1972 сол

Поезди аввалин ба Тошканд

22.06.2022

Оғоз аз моҳи марти соли 2020 бо паҳн гаштани таъсири коронавируси  «COVID-19» дар ҷаҳон вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ пурра тағйир ёфта, ҳаракати поездҳои мусофирбарии самтҳои байналхалқӣ муввақатан манъ карда шуд.

2 июни соли 2022 дар ш. Тошканд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери “Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон” имзо гузоштанд.

Баъд аз ин 2 июни соли 2022 бори аввал дар таърихи давраи соҳибиихтиёрии давлатии ду мамлакати ҳамсоя поезди мусофирбарӣ дар хатсайри  №301/302 Душанбе-Тошканд-Душанбе ба ҳаракат даромад.

Мусофирони аввали ин хатсайр собиқадорони меҳнат, ходимони ҳизбӣ, адабӣ, намояндагони ВАУ  ва дигарон шахсони фахрии ҷумҳурӣ буданд. Баъд аз расидан ба вокзали Тошканд-Марказӣ роҳиоҳанчиёни узбек меҳмононро бо тантана қабул намуда, барои онҳо дар Боғи «Узбекистони нав» сайру гашт ташкил намуданд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 30 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik