Get Adobe Flash player

Табрикот ба муносибати Рӯзи роҳиоҳанчӣ

 

12.08.2020

 

Табрикот ба муносибати Рӯзи роҳиоҳанчӣ

 

                            Муҳтарам роҳиоҳанчиён ва собиқадорони соҳа!

 

          Аз номи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Шуморо ба муносибати Иди касбӣ - Рўзи роҳиоҳанчӣ табрику таҳният гуфта ба Шумо, тансиҳатӣ, бурдборӣ ва комёбиҳои нав ба навро дар кору зиндагиатон орзумандам.

         Аз номи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон аҳли роҳиоҳанчиён ва собиқадорони меҳнати соҳаи роҳи оҳанро ба муносибати Иди касбӣ - Рӯзи роҳиоҳанчӣ табрику таҳният гуфта, тансиҳатӣ, бурдборӣ ва муввафақиятҳои нав ба навро дар кору зиндагиашон орзумандам.
         Маҳз бо меҳнати софдилона ва фидокоронаи роҳиоҳанчиён, мусофирон ва борҳои хоҷагии халқ сари вақт ва бехатар ба манзилу маконашон расонида мешаванд. Роҳи оҳан дар кишвари мо таърихи беш аз 120 сола дорад ва дар рушду нумуъи Ватани азизамон ҳамеша саҳми назарраси худро гузошта истодааст.
         Санаи 17 августи 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи оҳани мустақил – Роҳи оҳани Тоҷикистон таъсис дода шуд ва ин санаи таърихсоз баъдтар ҳамчун Рӯзи роҳиоҳанчӣ қабул гардид.
        Дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ зиёда як қатор роҳиоҳанчиён бо мукофотҳои фахрии давлатӣ ва зиёда аз 100 нафар кормандони роҳи оҳан барои меҳнати шоиста ва пурмаҳсул бо мукофоти олии касбӣ – нишони сарисинагии «Роҳиоҳанчии фахрӣ» сазовор дониста шудаанд.
       Дар аз нав барқароркунии роҳи оҳан дар ин давраи пурмасъул саҳми собиқадорони меҳнат басо бузург аст.
        Рӯзи роҳиоҳанчӣ муборак бод, роҳиоҳанчиёни азиз!

 


                              Раиси Кумита                   З. Ҳамидов

 

 

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 33 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik