Get Adobe Flash player

Материалы

Ташриф ба минтақаи Суғдии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон

11.06.2016

  • Гӯруҳи кории Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси он Ҳамидов З.Т. аз  07 то 10 июни соли 2016 ба минтақаи Суғдии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ташриф намуданд. Дар ҷараёни сафари корӣ бо шароитҳои меҳнат ва маишати аъзоёни иттифоқи касаба дар Пойгоҳи локомотивии ш.Ғафуров ва тайёрӣ барои гузаронидани мусобиқа байни корхона ва муассисаҳои роҳи оҳан ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шинос шуданд. Инчунин сатҳи тайёрӣ дар Хонаҳои истироҳатии роҳиоҳанчиён дар назди обанбори Қайроққум дар ш. Гулистон  ва ағбаи Шаҳристон барои қабули кормандон дар мавсими рухсатиҳои меҳнатӣ тафтиш карда шуд. Оиди солимгардонии кӯдакони роҳиоҳанчиён дар давраи таътили тобистона бо бошишгоҳи тандурустии кӯдаконаи «Шоҳин-БМТ» шартнома баста шуд. Бо раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва фаъолони минтақаи Суғдии роҳи оҳан машварат гузаронида шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 20 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik