Материалы
Маҳфили «Гулдухтарони оҳансиришт»
Озмуни «Гулдухтарони оҳансиришт» санаи 1 ноябри соли 2024 ба муносибати «Соли маърифати ҳуқуқӣ», 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» байни бонувони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар толори Хонаи маданияти роҳиоҳанчиён баргузор карда шуд.
Озмуни «Гулдухтарони оҳансиришт» аз рӯи наминатсияҳои зерин гузаронида шуд.
1. Саломнома (3-4 дақиқа);
2. Қироати шеърҳои ватандӯстона;
3. Ҳозирҷавобӣ оид ба чистону зарбулмасалҳо;
4. Рақс (аз рӯйи интихоб, ба ҳар як баромад то 3 дақиқа).
- Ғолиби ҷойи аввали озмуни «Гулдухтарони оҳансиришт» бонувони Хадамоти тиббӣ-санитарӣ дониста шуд.
- Ғолибӣ ҷойи дуюми озмуни «Гулдухтарони оҳансиришт» бонувони КВ «Фосилоти мухобирот ва алоқаи шаҳри Душанбе» дониста шуд.
- Ғолиби ҷойи сеюми озмуни «Гулдухтарони оҳансиришт» бонувони Муассисаи таълимии томактабии №58 дониста шуд.