Get Adobe Flash player

Материалы

12 майи соли 2023 ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат

12.05.2023

   12 майи соли 2023 ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат дар Пойгоҳи вагонҳои боркашии Душанбе (ВЧД-1) бо ташаббуси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муҳити бехатар ва солими корӣ – принсипи асосӣ ва ҳуқуқ дар соҳаи меҳнат» бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, масъулини  ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ ва кадрии ташкилотҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гузаронида шуд.

   Дар баромади худ Ҳамидов З.Т. – раиси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ҷараёни иҷрои созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои коллективиро баҳои баланд дода, масъулини ҳифзи меҳнатро барои дар якҷоягӣ боз ҳам беҳтар намудани шароитҳои меҳнат дар ташкилотҳои соҳаи роҳи оҳан даъват намуд.

   Дар конференсияи мазкур сардорони хадамотҳои дахлдори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»: бехатарии ҳаракати поездҳо – Муминов М.С., ҳифзи меҳнат - Шарипов А.Ҳ., кадрӣ - Қурбонов Ш.Н., ҳуқуқӣ - Раҳимов Т.Ҳ. ва муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода И.Н. ширкат варзида оид ба муккамал гардонидани системаи ҳифзи меҳнат ва иҷрои саривақтии қонуну қарорҳои вобаста ба он баромадҳо намуданд. 

   Инчунин дар чорабинии мазкур Латифов А.М. - муовини раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Роҳи умед» дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баромад намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 144 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik