Get Adobe Flash player

Материалы

Рӯзи 6 августи соли 2022 дар толори Хонаи маданияти роҳиоҳанчиён ба муносибати таҷлили Рӯзи роҳиоҳанчӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид

06.08.2022

Рӯзи 6 августи соли 2022 дар толори Хонаи маданияти роҳиоҳанчиён ба муносибати таҷлили Рӯзи роҳиоҳанчӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ К.Ҷ., муовини вазири нақлиёти ҶТ Саидмуродзода Ш. ва раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Ҳамидов З.Т., сардорони хадамоту корхонаҳо ва пешқадамони соҳа ва дигарон иштирок намуданд.

Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ К.Ҷ. аҳли кормандонро ба муносибати Рӯзи роҳиоҳанчӣ табрик намуда, барои меҳнати софдилона ва назаррас изҳори минатдорӣ намуд.

Ҳамидов З.Т. раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар баромади худ тамоми роҳиоҳанчиёнро бо иди касбӣ табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки пардохти саривақтии музди меҳнат ва сол ба сол беҳтар гардидани шароитҳои меҳнат аҳли коллективи роҳиоҳанчиёнро водор месозад, ки ҳарчӣ хубтар ва самаранок баҳри рушди соҳа меҳнат намоянд.

Муовини вазири нақлиёти ҶТ Саидмуродзода Ш. ҳамаи роҳиоҳанчиёнро ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи роҳиоҳанчӣ табрик намуда, оид ба саҳми назарраси соҳаи роҳи оҳан дар рушди иқтисодиёти мамлакат  маълумоти муфассал дод.

Дар поёни маҷлиси тантанавӣ пешқадамони соҳа аз тарафи Корфармо 3 нафар бо унвони «Роҳиоҳанчии фахрӣ», 10 нафар бо Ифтихорномаҳо ва зиёда аз 90 нафар кормандон бо мукофотҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд. Бо фармоиши вазири нақлиёти ҶТ 5 нафар роҳиоҳанчиён бо унвони «Нақлиётчии фахрӣ» ва 6 нафар бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

Барои саҳми назаррас дар рушди ҳаракати байналхалқии иттифоқи касаба сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоали К.Ҷ. бо медали Конфедератисияи байналхалқии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён - «25-летия МКПЖ» сарфароз гардонида шуд.

Фаъолони иттифоқи касаба бо Ифтихорнома ва соатҳои хотиравии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 247 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik