Материалы
Чорабинии маданӣ-фарҳангӣ
08.05.2017
Рӯзи 8 майи соли 2017 дар Боғи маданияти роҳиоҳанчиён ба муносибати Иди Ғалаба – 9 май, чорабинии маданӣ-фарҳангӣ бо иштироки ветеранҳои ҷангу меҳнат баргузор гардид. Ҳозиринро ҷонишини авали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Шодиев Б.Т. ва раиси Иттифоқи касабаи рохиоҳанчиёни Тоҷикистон Ҳамидов З.Т. табрик намуданд. Баъд аз ёдоварии ҷанговарони Ҷанги Бузуруги Ватанӣ, барномаи фарҳангии тайёркардаи Шӯрои ҷавонон ва муассисаҳои кӯдаконаи роҳи оҳан хотири тамошобинонро шод гардонид. Сипас барои абадӣ нигоҳ доштани хотираи неки шаҳидон, дар назди лавҳаи ёдбуди ҷанговарони роҳиоҳанчӣ гулу гулдастаҳо гузошта шуд.
Аз тарафи роҳбарияти барои ветеранҳои ҷангу меҳнат зиёфати идона дода шуда, маблагҳои пулӣ пардохт карда шуд.