Get Adobe Flash player

Материалы

Cеминар-машварат дар мавзӯи «Дар бораи вазъи ҷорӣ ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар соли 2021»

26.11.2020

    Рӯзи 25 ноябри соли 2020 дар осоишгоҳи «Баҳористон» бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи минтақаи суғдии роҳи оҳан семинар-машварат дар мавзӯи «Дар бораи вазъи  ҷорӣ ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба  дар соли 2021» баргузор гардид.

    Иштирокчиёни семинар-машварат вобаста ба вазъи мураккаби имрӯза, ки бо паҳншавии бемории сироятии «COVID-19» фаъолияти ҳамаи ташкилотҳоро душвор гардонидааст, фикру пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

     Аз ҷумла, ҳозирин бо тағйироту иловаҳо ба  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва ташкили меҳнат шинос карда шуданд.

    Барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 нақшаи гузаронидани чорабиниҳои маданӣ-оммавӣ таҳия карда шуд.

     Дар анҷом барои саҳми арзанда дар рушду нумуъи иттифоқи касаба сардори истгоҳи Хуҷанд Обидов У.Б. ва намояндаи ҷамъиятии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Шакирянова М.М. бо нишони сарисинагии «25-солагии Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.  

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 48 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik