Get Adobe Flash player

Материалы

Машварати кушоди Пленум

 01.02.2020

   Рӯзи 31 январи соли 2020 дар толори Раёсати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» машварати кушоди Пленуми IV даъвати панҷуми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рӯзномаи кории пленум чор масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

   Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Э. Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, Ҳисобот оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар соли 2019 ва нақшаҳои он дар соли 2020, Ҳисобот дар бораи иҷрои Созишномаи соҳавӣ дар соли 2019 ва мукофотонидани фаъолони иттифоқи касаба.
Дар масъалаи якум Қурбоназаров Н.Ч. - нозири ҳуқуқии Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон маърӯза намуда, нуктаҳои асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Э. Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ шарҳу тавзеҳ дод.
   Оид ба масъалаи дуюм раиси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон З.Т. Ҳамидов баромад намуда, оид ба фаъолияти ташкилот дар соли 2019 пурра ҳисобот дода, нақшаҳои кориро барои соли 2020 пешкаши ҳозирин намуд.
Оид ба масъалаи сеюм муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» У.Ҳ. Қаландаров баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки қариб ҳамаи уҳдадориҳои ба уҳдаи худ гирифтаи Корфармо пурра иҷро гаштааст.
   Барои муҳокимаи маърӯзаҳо раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Корхонаи воҳиди мусофирбарӣ Ҷ. Ҳасанова, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи КФҶ «Коргоҳи таъмири қатораҳо» К. Бобокалонов ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи иттифоқи касабаи КФ «Қитъаи хатлонии роҳи оҳан» Ҷ. Азимов баромад намуданд
   Сипас баъд аз баромадкунандагон фаъолияти Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон барои соли 2019 ва иҷрои Созишномаи соҳавӣ барои соли 2019 ба овоз монда шуда, якдилона қаноатбахш қабул карда шуд.
Барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар ҳаракати иттифоқи касаба 8 нафар аъзоён бо нишони сарисинагии «25-солагии Иттифоқи касабаи роҳиоҳаниёни Тоҷикистон» ва бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.
Соли 2020 дар Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон соли «Ташкилоти ибтидоии пурқувват-иттифоқи касабаи пурқувват» эълон карда шуд.
   Бо ҳамин Пленуми IV-уми даъвати панҷуми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон кори худро анҷом дод.

 

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Авторизация

Кто на сайте?

Сейчас 33 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Счётчик

Flag Counter

RussianTajik