Get Adobe Flash player

Материалы

Табрикоти солинавӣ

 

Ҳамкасбони азиз, ветеранҳои гиромиқадр!

Аз самими қалб Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо фарорасии Соли Нави 2017 табрик менамоям. Ба Шумо пеш аз ҳама саломатӣ, ободии рӯзгор ва комёбиҳои беназирро орзу намуда, дар фаъолияти меҳнатиатон пешравиҳо хоҳонам!

Яке аз рӯйдодҳои муҳими  соли 2016, ин таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки асоси зиндагии ҳар як фарди ватандӯст мебошад.

Соле, ки сипарӣ мешавад дар ҳаёти тамоми роҳиоҳанчиёни кишвари маҳбубамон ҳамчун соли таърихӣ – кушодашавии хатти роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб боқӣ хоҳад монд.

Мо азми қавӣ дорем, ки ба хотири рушду тараққиёти Ватани азизамон ва ояндаи неки фарзандонамон пурсамар меҳнат намуда, ба комёбиҳои нав  ноил шавем.

Дар Соли Нави 2017 барои Шумо ва пайвандонатон хонаи обод, ризқи фаровон, рӯзгори пурнишот, файзу баракати зиндагиро таманно дорам.

Соли Наватон муборак бод!

 

       Бо эҳтироми самимӣ,

                  Раиси Иттифоқи касаба                        З.Т. Ҳамидов

 

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Авторизация

Кто на сайте?

Сейчас 5 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Счётчик

Flag Counter

RussianTajik