Get Adobe Flash player

Вопросы Ответы

Кӣ ветерани меҳнат шуморида мешавад?

Мувофиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»

ветеранҳои меҳнат шахсоне мебошанд, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ дар давоми на камтар аз 25 соли тақвимӣ (барои мардҳо) ва 20 соли тақвимӣ (барои занҳо) кор карда, яке аз асосҳои зеринро доранд:

дода шудани унвони фахрӣ ё мукофотонида шудан бо ордену медалҳои Иттиҳоди ҶШС ё Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мукофотонида шудан бо се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идоравӣ;

барои хизматҳои шоистаашон нафақа мегиранд.

Тартиб ва шарту шароити додани унвони «Ветерани меҳнат» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Авторизация

Кто на сайте?

Сейчас 209 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Счётчик

Flag Counter

RussianTajik