8 ноябри соли 2023 дар ш. Душанбе
09.11.2023
8 ноябри соли 2023 дар ш. Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати 66-уми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён баргузор гардид.
Машварати Шӯро таҳти роҳбарии раиси КБИКР ва Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён ва сохтмончиёни Россия Сергей Черногаев ва котиби генералии КБИКР Геннадий Косолапов баогузор гардид.
Дар машварат роҳбарон ва намояндагони иттифоқҳои касабаи соҳавии Россия, Қазоқистон, Белоруссия, Гурҷистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Арманистон, роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иштирок намуданд.
Раиси Иттифоқи касабаи рҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Зикрулло Ҳамидов ба иштирокчиёни машварат оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳолати ҳамкории иҷтимоӣ дар нақлиёти роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.
Инчунин дар рӯзномаи корӣ масъалаҳои вазъи ҷорӣ ва ҳаракатҳои ташкилотҳои ҳамузв оид ба ҳимояи манфиатҳои аъзоёни иттифоқи касаба дар шароити тағйирёбии шароити меҳнат, дар бораи амалҳои ташкилотҳои ҳамузв дар рақамигардонии вазифаҳои идоракунӣ, ташкилӣ ва фаъолияти моливии иттифоқи касаба, дар бораи иҷрои Меморандумҳо оид ба ҳамкориии наздисарҳадии иттифоқҳои касабаи КБИКР баррасӣ гаштанд.
Қарор қабул карда шуд, ки машварати 67-уми Шӯрои КБИКР дар ш. Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қиргизистон баргузор мегардад.