Машварати 65-уми Шўрои КБИКР
16.05.2023
Машварати 65-уми Шўрои КБИКР
16 майи соли 2023 дар ш. Еревани Ҷумҳурии Арманистон машварати 65-уми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён баргузор гардид. Дар он намояндаҳои ташкилотҳои иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Ҷумҳуриҳои Белоруссия, Гурҷистон, Қиргизистон, Қазоқистон, Руссия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Иштирокчиёни машваратро директори генералии ҶСП «ЮКЖД» Алексей Мельников ва раиси Иттифоқи ташкилотҳои касбии кормандони ҶСП «ЮКЖД» Альбина Мартиросян шодбош гуфтанд.
Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистонро дар машварати 65-уми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён раиси он Ҳамидов З.Т. намояндагӣ намуд.
Дар кори Шӯрои КБИКР аъзои комиҷроияи Федератсияи Аврупоии нақлиётчиён, муовини президенти бахши ФНА Ҳелена Свободова раиси бахши роҳиоҳании ФБН Давид Гобэ ширкат намуданд.
Бо қарори машварати 65-уми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён машварати навбатии Шӯро рӯзҳои 8-9 ноябри соли 2023 дар пойтахти Тоҷикистон ш. Душанбе баргузор мегардад.