Get Adobe Flash player

Машварати аввали кушоди президиуми Иттифоқи касаба

04.01.2018

  Машварати аввали кушоди президиуми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар соли нав баргузор гардид. Мувофиқи рӯзномаи корӣ масъалаҳои шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти иттифоқи касаба дар соли 2017 ва нақшаҳои он дар соли 2018, таъсис додани нишони сарисинагии «25 – солагии Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон» ва натиҷаҳои озмуни «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба» дар соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

  Дар машварати президиум ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар соли 2017 ва нақшаҳои кории он дар соли 2018 тасдиқ карда шуд.

  Аз рӯи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба» Кумитаи иттифоқи касабаи КФ «Пойгоҳи локомотивии минтақаи Суғд» ғолиби озмун дониста шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 49 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik