Get Adobe Flash player

Маҷлис

19.11.2016

   Мувофиқи нақшаи кории Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон, рӯзҳои 16-18 ноябри соли 2016 дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи корхона ва муассисаҳои  минтақаи Суғдиии роҳи оҳан маҷлисҳои (конференсияҳои) ҳисоботӣ-интихоботии кумитаҳои иттифоқи касаба гузаронида шуд. Дар онҳо масъалаҳои ҳисоботи кумитаҳои иттифоқи касаба дар давраи фаъолияти худ, интихоби ҳайати нави кумитаҳо ва раисони онҳо, ҳисоботи сардорони корхона ва муассисаҳои роҳи оҳан оиди иҷрои Шартномаҳои коллективӣ дар соли 2016, муҳокимаи лоиҳаҳои Шартномаҳои коллективӣ барои солҳои 2017-2018 ва интихоби вакилон ба Конференсияи V-уми ҳисоботӣ-интихоботии   Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

      Дар маҷлисҳои (конференсияҳои) ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба раиси  Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Ҳамидов З.Т., Қурбоназаров Н.Ч. – нозири ҳуқуқии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ва Ҳикматов А.Н. – раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Раёсати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ширкат варзиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 54 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik