Машварати Конгресси VII Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён
26.11.2022
Раиси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон З. Ҳамидов дар машварати Конгресси VII Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён, ки рӯзи 23 ноябри соли 2022 дар Қасри таврӣ – штаб-квартираи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳо — иштирокдорони ИДМ дар ш. Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
Иштирокчиёни конгресс аз таҷрибаи худ ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи кормандон, дастгирии иҷтимоӣ, солимгардонии кормандон ва истироҳати кӯдакон баромад намуданд.
Дар натиҷаи овоздиҳӣ дар панҷ соли наздик раиси КБИКР Сергей Иванович Черногаев ва котиби генералии он Геннадий Николаевич Косолапов аз нав интихоб гардиданд.