Дар толори Раёсати КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" машварати Пленуми V Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баргузор гардид
22.01.2021
Рӯзи 22 январи соли 2021 дар толори Раёсати КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" машварати Пленуми V Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рӯзномаи кории он ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳои он дар соли 2021, ҳисобот оид ба иҷрои бандҳои Созишномаи соҳавии байни КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар 2020 баррасӣ гардиданд.
Раиси Кумитаи ҷумҳуривии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Зикрулло Тағоевич Ҳамидов оид ба фаъолияти ташкилот дар соли 2020 ҳисобот дода, аз ҷумла бинобар маҳдуд гаштани доираи фаъолияти ташкилот бинобар вазъи санитарӣ-эпидепологӣ бо пайдо гаштани пандемияи коронавируси «COVID-19» изҳори нигаронӣ намуд.
Дар машварати пленум муовини аввали сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Баҳром Темурович Шодиев иштирок намуда, оид ба иҷрои бандҳои Созишномаи соҳавӣ байни КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар 2020 ҳисоботи муфассал дод.
Аъзоёни пленум фаъолияти Кумитаи ҷумҳуривии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ва иҷрои Созишномаи соҳавии байни КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар 2020 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми машварат фаъолони иттифоқи касаба бо нишони сарисинагии «25-солагии Итифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон», ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо мукофотонида шуданд.