Cеминар-машварат «Дар бораи вазъи ҷорӣ ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар соли 2021»
18.12.2020
Рӯзи 18 декабри соли 2020 дар ҶСП «Сафед-дара» бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи минтақаҳои душанбегӣ ва хатлонии роҳи оҳан семинар-машварат «Дар бораи вазъи ҷорӣ ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар соли 2021» баргузор гардид.
Дар семинар-машварат ҷиҳати ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба», сатҳи гузаронидани маҷлисҳои (конференсияҳои) ҳисоботии ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва чорабиниҳои маданӣ-оммавӣ, назорати ҷамъиятӣ аз болои шароитҳои ҳифзи меҳнат ва риояи техникаи бехатарӣ муҳокима карда шуд.
Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани чорабиниҳои варзишӣ, маданӣ-оммавӣ ва озмуни соҳавӣ байни корхона ва муассисаҳои роҳи оҳан мавриди баррасӣ қарор гирифт.