Get Adobe Flash player

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «100-солагии ТБМ

27.04.2019

Рӯзи 26 апрели соли 2019 бо ташаббуси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар осоишгоҳи «Хоҷа-Обигарм» Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «100-солагии ТБМ ва саҳми он ташаккули принсипҳои меҳнати шоиста» баргузор гардид. Дар он раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва масъулини ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарии корхона ва муассисаҳои роҳи оҳан иштирок намуданд.

Дар аввал конференсияро раиси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон З.Т. Ҳамидов кушода, оид ба фаъолияти Ташкилоти байналхалқии меҳнат маълумоти муффасал дод.

Тибқи барномаи кории конференсия Маҳмадсафар Асоев -  мутахассиси Муассисаи давлатии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар мавзуҳои “Коллективи меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат”ва “Тартиби санҷиши ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳои касбӣ дар истеҳсолот” баромад намуда, ба саволҳои ишитрокчиён ҷавобҳои муффассал дод.

Дар анҷоми конференсия З.Т. Ҳамидов оид ба мавзуи “Таҳлил ва муккамалгардонии  шартномаҳои коллективӣ дар соҳаи роҳи оҳан”             баромад намуд. Ӯ дар баромади худ иҷрои  амалии шартномаҳои коллективиро дар корхона ва муассисаҳои роҳи оҳан мавриди таҳлил қарор дода, дар бораи бастани Созишнави соҳавӣ байни КВД «Роҳи оҳан Тоҷикистон» ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон,  инчунин шартномаҳои коллективӣ дар барои солҳои оянда дастурҳои муфид дод.

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 55 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik