Маъракаи гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ
26.11.2018
Дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи корхона ва муассисаҳои роҳи оҳан маъракаи гузаронидани маҷлисҳои (конференсияҳои) ҳисоботӣ оғоз гардид.
Дар маҷлисҳои (конференсияҳои) ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, ҳисоботи раисони ташкилотҳо ва сардорони корхонаю муассисаҳо оид ба фаъолияти иттифоқи касаба ва иҷрои шартномаҳои коллективӣ дар соли сипаришудаистода шунида мешавад.
То охири соли 2018 дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба гузаронидани 13 маҷлиси (конференсияи) ҳисоботӣ ва 10 маҷлиси (конференсияи) ҳисоботӣ-интихоботӣ ба нақша гирифта шудааст.