Семинар-машварат-2018
10.10.2018
10 октябри соли 2018 дар фароғатгоҳи «Роҳиоҳанчиён» семинар-машварат дар мавзуи «Нақши ваколатдорони ҳифзи меҳнат дар истеҳсолот» бо иштироки ваколатдорони ҷамъиятии ҳифзи меҳнати ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи корхона ва муассисаҳои минтақаҳои душанбегӣ ва хатлонии роҳи оҳан гузаронида шуд.
Семинар-машваратро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон З.Т. Ҳамидов кушода, ба ҳозирин аҳмияти муҳим доштани фаъолияти самараноки ваколатдорони ҳифзи меҳнатро дар истеҳсолот фаҳмонида дод.
Сипас сардори хадамоти ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» А.Т. Нозимов оиди мавзуи семинар-машварат баромад намуда, дар бораи Низомномаи ваколатадорон оид ба ҳифзи меҳнат пурра шарҳ дод.