Cеминар – машварат ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат
30.04.2018
Таҳти роҳбарии раиси Иттифоқи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон З. Ҳамидов 28 апрели соли 2018 дар фароғатгоҳи «Роҳиоҳанчиён» ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат семинар – машварат баргузор гардид. Дар семинар – машварат муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» У.Ҳ. Қаландаров, сардори хадамоти ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» А. Нозимов, мудири шӯъбаи ҳифзи меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон А.Қурбонов, раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, масъулини ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарии корхона ва муаассисаҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», инчунин намояндаҳои васоити ахбори умум иштирок намуданд.