Материалы
Конференсияи VI – уми ҳисоботӣ-интихоботӣ
Конференсияи VI – уми ҳисоботӣ-интихоботӣ
25 апрели соли 2024 дар толори Хонаи маданияти роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон, конференсияи VI-уми ҳисоботӣ- интихоботии Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори конференсия 56 нафар вакил, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода М.М., сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумахон ва сардорони корхонаҳои роҳ иштирок доштанд.
Дар рузномаи конференсия масъалаҳои зерин : ҳисоботи раиси КҶ иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар солҳои 2017-2023, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ, интихоби аъзоёни пленум, президиум ва раиси КҶ иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дида баромада шуд.
Оиди рӯзномаи кории конференсия Меликов Ш. - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Корхонаи воҳиди мусофирбарӣ, Қурбонов С. - раиси кумитаи иттифоқи касабаи КВ «Пойгоҳи вагонҳои боркаши Левакант» ва Бердиев К. – раиси кумитаи иттифоқи касабаи КФ «Коргоҳи таъмири қатораҳо»-и минтақаи Суғдии роҳ баромад намуда, фаъолияти КҶ иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистонро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд.
Ба вазифаи раиси КҶ иттифоқи касабаи Роҳиоҳанчиени Тоҷикистон номзадии Худойқулова Нигина Вафоевна мудири шуъбаи молиявии кумита пешниҳод карда шуд.
Дар натиҷаи овоздиҳӣ Худойқулова Нигина Вафоевна раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Дар фарҷоми конференсияи VI-уми ҳисоботӣ- интихоботии Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиени Тоҷикистон фаъолон бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.