Материалы
07 декабри соли 2022 дар толори меҳмонхонаи «Хуҷанд-Стар» дар ш. Хуҷанд
08.12.2022
07 декабри соли 2022 дар толори меҳмонхонаи «Хуҷанд-Стар» дар ш. Хуҷанд семинар – машварати омӯзишӣ оид ба иҷроиши санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ бо иштироки сардорони ташкилотҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, масъулини ҳифзи меҳнат ва кадрии ташкилотҳои минтақаи суғдии роҳи оҳан баргузор гардид.
Дар семинар – машварати омӯзишӣ раиси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Ҳамидов З.Т. таҷлили иҷроиши санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Оид ба масъалаҳои воридоти тағйироту иловаҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат Қурбоназаров Н.Ч. - нозири ҳуқуқии меҳнати КҶ иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баромад намуд.
Мақсад аз гузаронидани семинар - машварат таҷлили иҷроиши санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, иҷрои Созишномаи соҳавии нақлиёти роҳи оҳан барои солҳои 2019 - 2022, шартномаҳои коллективии ташкилотҳои минтақаи суғдии роҳи оҳан буда, дар ҷамъбасти чорабинии мазкур дастурҳо ҷиҳати боз ҳам мукаммал намудани шароити иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат роҳандозӣ карда шуд.