Get Adobe Flash player

Материалы

Рӯзи 28 январи соли 2022 машварати Пленуми VI Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баргузор гардид

28.01.2022

Рӯзи 28 январи соли 2022 машварати Пленуми VI Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рӯзномаи кории он шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳои он дар соли 2022, ҳисобот оид ба иҷрои бандҳои Созишномаи соҳавии байни КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар 2021, даровардани тағийроту иловаҳо ба Созишномаи соҳавӣ ва қабули лоиҳаи Оиннномаи ташкилот дар таҳияи нав мавриди таҷлил ва баррасӣ қарор гардиданд.

Раиси Иттифоқи касаба Зикрулло Тағойевич Ҳамидов оид ба фаъолияти ташкилот дар соли 2021 ҳисобот дода, иброз дошт, ки ташкилот вазифаҳои оинномавии худро дар соли 2021 пурра иҷро намудааст. 

Дар машварати Пленум ҳисоботи намояндаи Корфармо оид ба иҷроиши Созишномаи соҳавии байни КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар 2021 шунида шуд.               

Лоиҳаи тағийроту иловаҳо ба Созишномаи соҳавии байни КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон тасдиқ гардид. Тибқи он кӯмаки моддӣ аз тарафи корфармоён ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои нохуш, фавти корманд ё хешовандони наздики вай (волидайн, ҳамсар ва фарзандон) аз 1000 сомонӣ ба андозаи панҷ маоши ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда зиёд карда шуд.

Лоиҳаи Оиннномаи Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ташкилот дар таҳияи нав баъд аз баррасӣ қабул карда шуд.                             

Фаъолияти Кумитаи ҷумҳуривии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ва иҷрои Созишномаи соҳавии байни КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар 2021 қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.

Дар анҷоми машварат фаъолони иттифоқи касаба бо Ифтихорномаҳои  Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 36 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik