Get Adobe Flash player

Дар бораи машварати 55 Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён

26.11.2018

 

Дар бораи машварати 55 Шӯрои Конфедератсияи

байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён

 

Машварати панҷоҳу панҷуми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён (КБИКР) бо даъвати Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон рӯзи 21 ноябри соли 2018 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. Душанбе баргузор гардид.

Дар машварат ҳайати вакилони иттифоқҳои касабаи Озарбойҷон, Белоруссия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизстон, Россия, Тоҷиктсон, Узбекистон, Укараина иштирок намуданд. Намояндагони Иттифоқи ташкилотҳои касбии кормандони ҶСП «Роҳи оҳани Кавкази ҷанубӣ», роҳбарияти Федарацияи иттифоқҳои касбаи мустақили Тоҷикистон, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба машварат даъват карда шуда буданд.

Дар машварат аризаи Иттифоқи ташкилотҳои касбии кормандони ҶСП «Роҳи оҳани Кавкази ҷанубӣ» дар бораи дохилшавӣ ба Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён (КБИКР) баррасӣ карда шуда, маълумотои котиби генеарлии Конфедератсия Г. Косолапов ва раисони иттифоқҳои касаба оид ба ҳолати ҷорӣ дар фаъолияти КБИКР ҳолати иҷтимоӣ-иқтсодии меҳнаткашони соҳа ва амалҳои иттифоқҳои касба баррасӣ карда шуд.

Бо маълумоти муфасссал оид ба амали иттифоқҳои касаба роҳбарони иттифоқҳои касаба ва ҳайатҳои вакилон : Озарбойҷон Л. Мурадов, Арманистон А. Мартиросян, Гурҷистон Г. Николаишвили, Белоруссия А. Волчок, Қазоқистон О. Ахметбаев, Қиргизистон Р. Мазитов, Россия Я. Садивский, Узбекистон М. Розиметов, Украина В. Бубняк баромад намуданд..

Қарор қабул карда шуд, ки дар КБИКР комиссия оид ба сиёсати гендерӣ барои рушди алоқаҳои шарикӣ ва устувор гардонидани ҳамкорӣ, хулосабарорӣ ва тарғиби таҷрибаи беҳтарини иттифоқҳои касаба таъсис дода шавад.

Бо маърӯза оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва тачрибаҳои ҳамкории иҷтимоӣ дар нақлиёти роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Ҳамидов З.Т. баромад намуд.

Байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва иттифоқи касаба Созишномаи соҳавӣ барои солҳои 2017-2019 баста шудааст, ки масалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, вақти корӣ, пардохти музди меҳнат, рухсатиҳо, таъмни шуғл, кафолатҳои иловагии иҷтимоӣ, имтиёзҳо ва ҷубронҳо, ҳифзи меҳнатро ба танзим медарорад. Инчунин боби кафолатҳои ҳуқуқии кормандон ва мақомоти иттифоқи касабаро дар бар мегирад.

Иттифоқи касаба нисбати шароит ва ҳифзи меҳнат дар корхона ва муассисаҳои соҳа назорат бурда, дар таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ иштирок менамояд.Дар корхона ва муассисаҳои роҳи оҳан 23 шартномаи коллективӣ баста шудааст. Барои таъмини назорати иҷрои онҳо таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Кори фаъолона бо ҷавонон оғоз карда шуда, Шӯроҳои ҷавонон дар корхонаҳо таъсис дода шудааст.

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 28 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik