Материалы
Машварати кушоди Пленуми II Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон
Рӯзи 30 январи соли 2018 машварати кушоди Пленуми II Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баргузор гардид. Дар машварат масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти ташкилот дар соли 2017 ва вазифаҳои он дар соли 2018, иҷрои Созишномаи соҳавӣ дар соли 2017 ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишномаи соҳавӣ баррасӣ гардиданд.
Дар кори пленум муовини авввал ва муовини сардори «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Шодиев Б.Т. ва Қаландаров У.Ҳ., сардорони хадамотҳо, корхона ва муассисаҳои роҳи оҳан иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти машварати пленум фаъолони иттифоқи касаба барои саҳми назаррас дар таҳкими ҳаракати иттифоқҳои касаба бо Ифтихорномаҳои Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ба раиси Кумитаи иттифоқи касабаи КФ «Пойгоҳи локомотивии Суғд» (ТЧ-2) Қурбонов К. диплом ва туҳфаи арзишнок барои ғолибият дар «Озмуни беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба» тақдим карда шуд.