Материалы
Аввалин Форуми байналмилалии занон
28.07.2018
Рӯзҳои 26-27 июли соли 2018 дар ш.Актауи Ҷумҳурии Қазоқистон аввалин Форуми байналмилалии занони иттифоқи касабаи соҳаи нақлиёт таҳти шиори «Хушбахтӣ- ҳудуди занон» баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи рохиоҳанчиён (МКПЖ) ва Иттифоқи касабаи соҳавии кормандони нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, ҳавоӣ ва обии Қазоқистон ташкил намуданд.
Дар кори форум 105 нафар намояндагони иттифоқи касабаи соҳаи нақлиёти давлатҳои ИДМ иштирок намуданд. Аз Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Ҳасанова Ҷамила Давлатовна – раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Корхонаи воҳиди мусофирбарӣ дар форум иштирок намуд.