Get Adobe Flash player

Материалы

Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» қиссаи мардони диловар шунида шуд

ДУШАНБЕ, 08.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён ташкил гардида, ба он иштирокдорону собиқадорони ақибгоҳи ҷанг, ҷанговарони интернатсионалист ва иштирокчдорони бартарафкунии садамаи Чернобил даъват шуда буданд.

Дар оғози ҷамъомад бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи неки сарбозони шуҷоу далери ҳалокгардида пос дошта шуд.

Муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров иштирокдоронро  бо 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик намуда, хизматҳои арзандаи ин мардони далерро намунаи олии ҷавонмардӣ, садоқатмандиву вафодорӣ ва ибратомӯзи наслҳои имрӯзаву оянда унвон кард. Тавре сардори Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён Зикрулло Ҳомидов зикр намуд: «Имрӯз дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 1 нафар иштирокчии фронти меҳнат, 75 ҷанговари интернатсионалист ва 11 нафар иштирокчии бартарафкунии садамаи Чернобил ба қайд гирифта шудаанд ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён барои беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо, ба табобату истироҳат фаро гирифтан, аёдат ва  ғамхории ҳамешагӣ зоҳир намудан дар ҳаққи онҳоро аз вазифаҳои муҳими худ меҳисобад».

Нафақахӯри КВ «Пойгоҳи локомотивии Душанбе», иштирокчии ҳодисаҳои Афғонистон Муҳаммадҷон Саломатшоев, иштирокчии фронти меҳнат Александр Струнаев ва иштирокчии ҳодисаҳои Афғонистон Файзуло Қурбонов сухан гуфта, аз корнамоиҳои бемисли ҷанговарони тоҷик ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки дар он солҳои мудҳиш дар қатори мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони Тоҷикистон низ ба ҳимояи ватани хеш бархоста, барои ҳифзи хоки Ватан синаи худро сипар намудаанд. Қаҳрамониву диловарии фарзандони шуҷои ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон азхудгузаштагиву ҷоннисориҳои зафармандонро қадр менамоянд ва бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мардони далер таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимӣ қарор доранд.

Сипас, бо мақсади гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг дар назди лавҳаи ёдгорӣ гулчамбар гузошта шуд. Ҳамчунин аз ҷониби тарбиятгирандагони кӯдакистони №58-и Роҳи оҳан барномаи ҷолиб пешниҳод гардид.

Дар охир масъулин дар вазъияти тантанавӣ ба ҳар кадоме аз шахсони зикршуда туҳфаҳои пулии роҳбари КВД «Роҳи оҳан»-ро дар ҳаҷми 500 сомонӣ супориданд. Собиқадорони ҷангу меҳнат низ аз чунин дастгирию ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» изҳори миннатдорӣ намуданд.

Авторизация

Прогноз

<paramname="FlashVars"value="city=cset=1&tnumber=11&city0=38836&city1=98944&city2=98942&city3=38837&city4=98946&city5=38845&city6=38933&city7=38943&city8=38947&city9=38954&city10=38599&lang=ru"/>

Кто на сайте?

Сейчас 9 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Счётчик

Flag Counter

RussianTajik