Машварати 53 Шӯро ва V Конгресси Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён дар Ҷумҳурии Қазоқистон
08/12/2017
Ҳайати вакилони Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси ташкилот рӯзҳои 5-6 декабри соли 2017 дар машварати 53-юми Шӯро ва V Конгресси Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён дар ш.Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.
Дар кори V Конгресс котиби генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба Владимир Щербаков иштирок варзид.
Дар ҷараёни кори V Конгресс раиси КБИК Никифоров Н.А. - раиси Итифоқи касбаи роҳиоҳанчиён ва сохтмончиёни нақлиёти Россия интихоб карда шуд. Котиби генералӣ - Косолапов Г.Н. интихоб гашта, ҳайати нави Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён тасдик карда шуд.
Аз номи кумитаи иҷроияи КУИК барои саҳми назаррас дар таҳкими ваҳдат ва нуфузи ҳаракати иттифоқҳои касабаи давлатҳои Иттиҳод, дӯстӣ, ҳамраъйӣ ва ҳамкорӣ байни иттифоқҳои касаба ва меҳнаткашони кишварҳои гуногун В.Щербаков ба раиси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон З.Ҳамидов нишони сарисинагии хотиравии нуқрагини «25 лет ВКП» тақдим намуд.