23.12.2016
23 декабри соли 2016 дар ш. Душанбе Конференсияи V ҳисоботӣ-интихоботии Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он ҳисоботи раиси иттифоқи касаба ва комиссияи тафтишотӣ оид ба корҳои иҷрошуда дар давраи ҳисоботии аз декабри соли 2009 то декабри соли 2016 шунида шуд.
Дар натиҷаи овоздиҳии кушод, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Ҳамидов Зикрулло Тағоевич интихоб гардид. Инчунин ҳайати нави президиум ва пленуми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон интихоб карда шуд. Дар кори конференсия муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Каландаров У.Ҳ. ва муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон И. Файзизода иштирок намуданд.