Ҷамъбасти мусобиқа оид ба шоҳмот
Санаи 24 августи соли 2024 ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мособиқоти шоҳмот байни аъзоёни ташкилотҳои иттифоқи касаба баргузор гардид.
Ғолиби ҷойи якуми мусобиқа дар шаҳри Душанбе, Акимов Абдулазиз Зардович посбони КВ «Пойгоҳи вагонҳои боркаш-1» ва дар қитъаи Суғдии роҳ Урунбоев Комилҷон нуқсонсанҷи КДФ «Қитъаи Суғдии роҳ» дониста шуд.
Ғолиби ҷойи дуюм Сафаров Маҳмадулло нафақахӯри Корхонаи воҳиди мусофирбарӣ ва дар қитъаи Суғдии роҳ Болтаев Ҷамшед оператори идораи техникӣ истгоҳи Хуҷанд дониста шуд.
Ғолиби ҷойи сеюм Назаров Нурулло тирандози хадамоти ҳарбикунонидашудаи муҳофизатӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ва дар қитъаи Суғдии роҳ Нозиров Зокирҷон ёрдамчии мошинисти КФ «Пойгоҳи локомотивии Суғд» дониста шуд.
Ғолибон бо дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.