Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон дар муассисаи таълимии томактабии №58 Роҳи оҳани Тоҷикистон
31 майи соли 2024 бо мақсади сазовор таҷлил намудани «Рўзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон», бо иштироки раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Вафозода Нигина Вафо ва кӯдакону наврасон дар кудакистони №58 КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» чорабинии бошукӯҳи идона бо фарогири шеъру сурудҳои ватандӯстона, рақсҳои ҷолиб ва саҳначаҳои тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар охир раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон тарбиятгирандагони кӯдакистонро табрик намуда ба онҳо шириниҳо, бозичаҳо тақдим намуд.