Get Adobe Flash player

Рӯзҳои 12-13 майи соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон

 

13.05.2022

Рӯзҳои 12-13 майи соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар КФҶ "Коргоҳи вагонтаъмиркунии Маҳрам" Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Нақши шарикии иҷтимоӣ дар таъмини ҳифзи меҳнат" бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, масъулини ҳифзи меҳнат ва кормандони кадрии корхона ва муасисаҳои роҳи оҳан баргузор гардид.

Дар оғоз Ҳамидов Зикрулло Тағойевич дар мавзуи «Таъмини ҳифзи меҳнат – асоси пешравии истеҳсолот» баромад намуда, оид ба сатҳи иҷроиши Созишномаи соҳавӣ дар таи солҳои охир ва таъмини ҳифзи меҳнат ҳамчун воситаи асосии нигоҳдории мутахассисон ва кормандони соҳибтаҷриба ахбороти муфассал дод.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар корхона ва муассисаи роҳи оҳан музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иловагӣ ҳамеша сари вақт ба кормандон пардохт карда мешавад. Барои меҳнати пурсамари кормандон шароитҳои хуб муҳайё карда шудааст.

Дар конференсия Нозимов А. Т. - сардори хадамоти ҳифзи меҳнати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба ҳолати ҷории ҳифзи меҳнат дар соҳаи роҳи оҳан ва Қурбонов Ш. Н. - сардори хадамоти кадрии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба ҷалб ва тайёр намудани кадрҳо дар шароити муосир баромад намуданд.

Нозимов А. Т. дар баромади худ қайд намуд, ки тибқи нақшаи корӣ соле ду маротиба дар ҳамаи корхонаю муассисаҳои роҳи оҳан санҷиши баҳорию  тирамоҳӣ гузаронида шуда, оид ба камбудҳои ҷойдошта ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода мешавад. Бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда таҳти назорати масъулин оид ба ҳифзи меҳнат мебошад.

Қурбонов Ш. Н. дар баромади худ оид ба масъалаи такмили ихтисос, бозомӯзии кормандон, гузаронидани хонишҳои идоравӣ суҳбат намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки барои ҷалби кадрҳои боихтисос бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ва Литсейи касбии техникии шаҳри Душанбе №63 гуфтушунидҳо рафта истодааст.

Иштирокчиёни конференсия Обидов У. Б. - ёвари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба минтақаи суғдии роҳи оҳан ва Хушбахтов А. А. - сардори КФҶ "Коргоҳи вагонтаъмиркунии Маҳрам" баромад намуда, аз ваъзи пешравии соҳаи роҳи оҳан ва таъмини ҳифзи меҳнат дар минтақа маълумоти мушаххас доданд.

Иштирокчиён аз фаъолияти  корхонаҳои соҳаи роҳи оҳани минтақа аз ҷумла, Пойгоҳи локомотивии Суғд (ТЧ-2), КВ «Фосилоти мухобирот ва алоқаи Суғд» (ШЧ-2), Қитъаоти суғдии роҳ (ПЧ-2) аз наздик шинос шуданд. 

Барои иштирокчиёни конференсия ба муносибати таҷлили  ҷашни 30 -солагии сессияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон экскурсияи Қасри Арбоб ва Осорхонаи ба номи К. Хуҷандӣ  ташкил карда шуд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Shiori sol

Авторизация

Ҳоло дар сайт:

Сейчас 65 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

Ҳисобкунак

Flag Counter

RussianTajik