Машварати кушоди Пленуми III даъвати панҷуми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон
30.01.2019
Рӯзи 30 январи соли 2019 дар толори маҷлисҳои Раёсати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» машварати кушоди Пленуми III даъвати панҷуми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баргузор гардид. Дар машварат масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти ташкилот дар соли 2018 ва вазифаҳои он дар соли 2019, иҷрои Созишномаи соҳавӣ дар соли 2018 ва дигар масъалаҳо баррасӣ карда шуд.
Дар кори пленум муовини авввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Шодиев Б.Т. ва раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, сардорони хадамотҳо, корхона ва муассисаҳои роҳи оҳан иштирок намуданд.
Оиди масъалаҳои рӯзномаи кории пленум Додоева Ш. С. – раиси Кумитаи иттифоқи кабасаи КВ «Қитъаи таъминкунии барқи Душанбе», Дадабоев А.Д. – раиси Кумитаи иттифоқи касабаи КДФ «Қитъаи суғдии роҳ», Салимов А.Ғ. – раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Пойгоҳи вагонҳои Сарбанд, Қосимов Н.Ф. – раиси Шӯрои ҷавонони Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баромад намуданд.
Дар маърӯзаҳояшон шахсони баромадкунанда ба фаъолияти Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ва иҷрои Созишномаи соҳавӣ дар соли 2018 баҳои мусбат доданд.
Ба муносибати 25 – солагии Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумахон барои саҳми арзанда дар рушди иттифоқи касаба бо нишони сарисинагии ҷашнии «25–солагии Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
Фаъолони иттифоқи касаба Колесникова Г.В., Шакирянова М.М., Файзуллоев М.С. ва Хушқадамов Ҳ.С. бо Ифтихорномаҳои Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.