Материалы
Пленуми аввалини даъвати панҷум
29.03.2017
29 марти соли 2017 машварати пленуми аввалини даъвати панҷуми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон дар ҳайати кушод баргузор гардид. Дар кори пленум масъалаҳои иҷрои Созишномаи соҳавии нақлиёти роҳи оҳан дар солҳои 2014-2016 ва баррасии лоиҳаи нави Созишномаи соҳавӣ барои солҳои 2017-2019 мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Оид ба масъалаи якум муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Қаландаров У.Ҳ. баромад намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки ба кормандон музди меҳнат ва мукофотпулиҳо мувофиқи Созишномаи соҳавӣ сари вақт пардохт карда шуда, ба кормандон шароитҳои хуби меҳнат фароҳам оварда шудааст. Сипас баъд аз баромадҳо, иҷрои Созишномаи соҳавӣ барои солҳои 2014-2016 қаноатбахш қабул карда шуд.
Оид ба масъалаи дуюм раиси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Ҳамидов З.Т. баромад намуда, муҳтавои лоиҳаи Созишномаи соҳавиро барои солҳои 2017-2019 дар таҳияи нав ба самъи ҳозирин расонид. Лоиҳаи Созишномаи соҳавиро барои солҳои 2017-2019 комиссияи муштараки КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон таҳия намудаанд. Ҳамин тариқ лоиҳаи нави Созишномаи соҳавї барои солҳои 2017-2019 тасдиқ карда шуд.
Бо ҳамин Пленуми I-уми даъвати панчуми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон кори худро анҷом дод.