Материалы
Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба шоҳмот
30.04.2019
Рӯзи 30 апрели соли 2019 бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни Соҳибов Шариф – аккумуляторчии КВ «Пойгоҳи локомотивии Суғд» (ТЧ-2) ва Маҳмадулло Сафаров - нозири таъминоти амнияти парки вагонҳои Корхонаи воҳиди мусофирбарӣ ва дар майдони варзишии Заводи вагонтаъмиркунии Маҳрам баргузор гардид. Бозӣ дар се давр бо ҳисоби 0,5:2,5 ба фоидаи шоҳмотбоз Маҳмадулло Сафаров анҷом ёфт.
Аввалин дорандаи Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба шоҳмот Маҳмадулло Сафаров - нозири таъминоти амнияти парки вагонҳои Корхонаи воҳиди мусофирбарӣ гардид.
Инчунин ғолибон бо дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шудаанд.