30.04.2019
Рӯзи 30 апрели соли 2019 бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба футболи хурд байни тимҳои КДФ «Қитъаи суғдии роҳ» (ПЧ-2) ва КВ «Пойгоҳи локомотивии Душанбе» (ТЧ-1) дар майдони варзишии Заводи вагонтаъмиркунии Маҳрам баргузор гардид. Бозӣ бо ҳисоби 2:3 ба фоидаи футболбозони КВ «Пойгоҳи локомотивии Душанбе» (ТЧ-1) анҷом ёфт.
Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба футболи хурд бори дуюм насиби футболбозони КВ «Пойгоҳи локомотивии Душанбе» (ТЧ-1) гардид.
Инчунин беҳтарин бозингар ва дарвозабони мусобиқа муайян карда шуда, ба онҳо дипломҳо ва мукофотҳо супорида шуд.
Мусобиқаи мазкур дар тӯли як моҳ гузаронида шуда, дар он 36 бозӣ гузаронида шуд.