Спартакиадаи роҳиоҳанчиён

 

03.09.2016

Дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ниҳоии Спатакиадаи коргарии роҳиоҳанчиён  аз  рӯи 4 намуди варзиш: мини-футбол, волейбол, тениси болои миз ва шоҳмот  ба анҷом расид.

Аз рӯи ҳар чор намуди варзиш роҳиоҳанчиёни Корхонаи воҳиди мусофирбарӣ ғолиб баромаданд.

Ҷоиза ва дипломҳоро ба ғолибон вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Ш.Р. ва сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ К.Ҷ. супориданд.

Раиси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Ҳамидов З.Т. ба  ғолибон роҳхатҳои ройгонро ба фароғатгоҳи «Роҳиоҳанчиён» супорид.