Материалы

Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба футболи хурд

14.05.2018

Рӯзи 14 майи соли 2018 бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба футболи хурд байни тимҳои КВ «Пойгоҳи локомотивии Душанбе» (ТЧ-1) ва истгоҳи  Исфара баргузор гардид. Бо ҳисоби 5:0 футболбозони КВ «Пойгоҳи локомотивии Душанбе» (ТЧ-1) ғолиб баромада, соҳиби  аввалин Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба футболи хурд  гардиданд.

Инчунин беҳтарин бозингарони мусобиқа муайян карда шуда, ба онҳо дипломҳо супорида  шуд.